Последние новости компании

14

Июн

Иди Фитр муборак!

Моҳи шарифи рамазон, ки моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат ба ҳисоб меравад, бо шукри осоишу осудагӣ сипарӣ гардид.

Иди саиди фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор меравад, ки аз баракати истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.

Фарорасии ин иди саидро Ширкати «Ғаллаи Суғд» ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешуморро орзу менамояд.

Иди саиди фитр муборак, дӯстони азиз!